Меҳнат шараф аст

IMG_20190503_154924

Бо иштироки аъзои  ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Меҳнат шараф аст” дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии  ноҳияи Шаҳристон шанбегӣ гузаронида шуд. Шанбегии мазкур бахшида ба эълон гардидани “1300 рӯзи ободонӣ” ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар ин рӯз 600 нафар аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва 800 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб дастҷамъона дар ҳашар иштирок намуданд. Аз тарафи кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон  барои  ободу зебо  гардонидани  назди бино ва тоза намудани заминҳо аз алафҳои бегона фаъолнокӣ нишон дода шуда, 200 бех гулҳои ороишӣ  шинониданд. Инчунин, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани хонаю кӯча, маҳаллаю деҳа, хиёбону гулзорҳо ва роҳҳои пиёдагард байни мардум корҳои тарғиботӣ гузаронида доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>