Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад

1

74 сол  муқаддам сокинони шӯҳратманди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз болои Германияи фашистӣ зафар ёфта, ҳамасола дар мамлакатҳои собиқ шӯравӣ санаи 9 майро чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мекунанд. Боиси хушнудист, ки ба шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милдлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати иштирокчиёни ҷанг ва нафарони дар ақибгоҳ кору фаъолият дошта пайваста ба ғамхориҳо фаро гирифта мешаванд.

Имсол низ ин ҷашни бузурги таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Роҳбарияти кумиҷроия  шахсони дар ин ҷанг иштироккардаро аёдат намуданд.

Гузашта аз ин, бо иқдоми кумиҷроия дар майдони ситораҳои Хуҷанди шаҳр аксия таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” дар ҳамкорӣ бо радиои “Шаҳри ман” доир карда шуд. Дар аксия хонандагони шаҳр либоси низомӣ дар бар намуда, бо варақаҳои табрикотӣ  сокинонро бо ҷашни  Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, якҷоя дар назди шиору овезаҳо аксҳои хотиравӣ бардоштанд. Аҷибаш он, ки табрикоти мустақими толибилмонро мардум тариқи радио қабул мекарданд. Дар аксия номаи шодбошии  раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар тариқи радио ба самъи шунавандагон расонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>