АКСИЯИ ҒАЙРИОДӢ

3

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо радиои “Шаҳри ман” як аксияи бошукӯҳи ғайриодӣ дар зерроҳравҳо ва дохили автобусҳои шаҳр вобаста ба доир карда шуд. Кумиҷроия бо ҷалби ҳофизон дар зерроҳравҳо гитор дар даст сурудҳои даврони ҷангиро сароида, мардумро ба тифоқию ҳамдилӣ даъват намуданд. Ин сурудҳо мустақиман дар радиои “Шаҳри ман” пахш мешуданд. Дар автобусҳо бошад, ҷавонони фаъол ва кормандони радио ба меҳмонону сокинони шаҳр варақаҳои ҷашнӣ тақсим намуда, фикри мизоҷонро доир ба Рӯзи Ғалаба мегирифтанд. Ин мусоҳибаҳои ғайриодӣ низ тавассути радио пахш гардид.

Бояд қайд кард, ки дар рӯзи  баргузории аксия аксари шунавандагон аз моҳияти Рӯзи Ғалаба, ҷоннисориҳои бобоёни мо огаҳии комил пайдо карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>