Ашт: ҳизбиён фаъолиятро густариш мебахшанд

LOGO

Имрӯзҳо мардуми ҷумҳурӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро чун ҳизби муттаҳидсозандаи ҷомеа, таҳкимбахшандаи сулҳу ваҳдат ва таъмингари зиндагии шоистаи аҳли кишварамон шинохта, ба он эҳтирому арҷ мегузоранд. ҲХДТ ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ — сиёсӣ ба назари неку нав бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат қадами устувори худро гузошта, чун ҳадафҳояш саривақтиву созандаю бунёдкорона ҳастанд, аз ҷониби мардуми сулҳхоҳу ваҳдатовар пазируфта шуда, мавқеи устувори худро дар ҷомеаи озоду ободи мо ба зудӣ дарёфт.

ҲХДТ дар ноҳияи Ашт яке аз ҳизбҳои пешоҳанги давлату ҳукумати Тоҷикистон шинохта шудаву бо барномаву нуктаҳои созандааш барои рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзанда мегузорад. Аз моҳи январи соли равон сар карда, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва татбиқи амалии Паёми Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуд. 17 январи соли 2019 вохӯрӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Маҳмадалӣ Ватанзода ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Хонов Абдураҳмон нисбати баррасии мазмун ва мӯҳтавои асосии Паёми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо сокинони ноҳия баргузор гардид. Ин вохӯриҳо дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардида, ҳизбиёни ноҳия дар ин мулоқоту вохӯриҳо фаъолона иштирок намуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҳамкориро бо комиссарияти ҳарбии ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиш мустаҳкам карда, ташвиқоту тарғиботро оиди сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ боз ҳам ҷоннок менамояд. Дар муассисаҳои таълимии №48, 7, 46, 4, 5, 22, 26, 20  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар мавзӯҳои “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарзи ҷонӣ ва виҷдонии мост” сӯҳбату мулоқот доир намуданд. Дар ин вохӯриҳо даҳҳо нафар хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимӣ ваъда доданд, ки чун мактабро хатм карданд, албатта, ихтиёрӣ ба хидмати Ватан – Модар рафта, сазовори номи баланди сарбози Ватан мешаванд.  Вохӯриҳо бо модарони сарбозон, аёдати модарони онҳо  ва ёрии моддӣ ба волидони сарбозон мувофиқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт хуб ба роҳ монда шудааст. Вохӯриву сӯҳбатҳои инфиродӣ дар маҳаллаю деҳаҳо натиҷаи хуб ба бор овард. Бо ташаббуси кормандони ҲХДТ дар ноҳияи Ашт зиёда аз  30 нафар ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, рӯзҳои наздик нақшаи сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт пурра иҷро мегардад.

Шӯрои собиқадорони ҳизб ва Ташкилоти ҷамиятиии ҷавонон “Созандагони Ватан” оиди пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз моҳи январи соли 2019 сар карда, тарғиботро ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ифротгаро ҷоннок намуда истодаанд. Зимни баромадҳо аъзоёни Шӯрои собиқадорон иброз доштанд, ки ташвиқотро дар оилаҳо ва маҳаллаҳои зисти ҷавонон оиди шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва баҳри нигаҳдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ боз ҳам беҳтар менамоянд.

Ҷашнгирии Наврӯзи имсола аз ҷониби аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо  баромадҳои фарҳангии рангин дар дилу хотироти сокинони Ашт нақши муассир гузошт.

Аз соли нави 2019 инҷониб кормандони дастгоҳи ҲХДТ, ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявӣ рӯзҳои шанбе дар шанбегиҳои умуминоҳиявӣ ва маъракаҳои ниҳолшинонӣ иштирок намуда, пешсафиро аз даст намедиҳанд. Обунашавӣ ба рӯзномаи дӯстдоштаи мардумӣ “Сухани халқ” бо пуррагӣ иҷро шуда бошад ҳам, лек имрӯзҳо шумораи обунашавандагон меафзояд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани чорабиниҳои илмию бадеӣ, фарҳангӣ ва ташвиқоту тарғиботӣ кӯшиш ба харҷ дода, бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо комёбиҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ  пешвоз хоҳанд гирифт.

 

Ниёзмуҳаммади ИБРОҲИМЗОДА,

 узви ИЖТ, Аълочии маориф ва матбуоти  ҶумҳурииТоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>