Пойдории оила асоси устувории ҷомеа

IMG_201

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, дар якҷоягӣ бо ҷамоати деҳоти Пӯлодон бахшида ба Рӯзи оила чорабинӣ доир гардид. Чорабинӣ дар маҳаллаи “Арабо”-и Ҷамоати деҳот, дар ҳавлии яке аз оилаҳои намунавии маҳалла ба вуқӯъ пайваст, ки он ба  Рӯзи байналмилалии бахшида шуда буд. Дар чорабинӣ се ҷуфт оилаи намунавии ҷамоати деҳот: оилаи Латифовҳо- ҳаёти якҷояи беш аз 50-сола, Ғафуровҳо- зиндагии осудаи беш аз 35-сола ва Рустамовҳо — оилаи ҷавон   таклиф гардида буданд.

Сараввал раиси Шӯрои занони Ҷамоати деҳоти Пӯлодон Мӯътабархон Зоирова  сухан карда, ҳадафи баргузории ин чорабиниро баҳри аз байн бурдани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳукмфармо будани фазои якдигарфаҳмӣ дар оила, шиносоӣ бо рӯзгори оилаҳои намунавӣ, гирифтани дарси маънӣ аз ҳаёти онҳо ва ба ин восита тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, хушмуомилагӣ ва одоби оилаву оиладорӣ арзёбӣ кард.

Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки эълом шудани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ“ аз тарафи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ буда,  баргузории чунин як чорабинии бонуфуз бо аҳолии деҳот натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.

Баромади намояндагони бахши фарҳанги шаҳр бо саҳнаи ҷолибу диданӣ, ки марбут ба оиладорӣ буд, ба  чорабинӣ ҷилои дигар бахшид.

Дар охир аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба се ҷуфт оилаҳои намунавии деҳот тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>