Ҳизбиён ба ободкорӣ таваҷҷӯҳ доранд

59834589_671733296614941_1451997927311409152_n

Субҳи имрӯз  аъзои ҳизб дар ТИ ҲХДТ «Манзил» (КДФ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Мастчоҳ) ба ҳашари умумӣ баромада, атрофи ташкилот ва гулгаштҳои кӯчаи Саидшариф Шарифовро тамйиз карда, шоху баргҳои дархтони ороиширо ба тартиб дароварданд.

Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳашари мазкур иштирок карда, ин иқдоми ҳизбиёни «Манзил»-ро саривақтӣ номид.

Рустам Рустамзода, директори КДФ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Мастчоҳ ва раиси ТИ «Манзил» гуфт, ки ба тозагию ободӣ чун ҳамеша таваҷҷӯҳи махсус доранд ва теъдоди гулу гиёҳҳои ороиширо бештар мекунанд.

- Фақат дар атрофи корхона мо беш аз ҳазор дона гулҳои зебои мавсимӣ шинондаем. Теъдоди буттаҳои ороишӣ бошад 10 бех аст. Вобаста ба фаслҳои сол мо мунтазам гулу гиёҳҳои ороиширо иваз карда меистем, то ҳусни як гӯшаи шаҳрак ҳеҷ гоҳ коста нагардад, — мегӯяд Рустам Рустамзода.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>