ҶАВОНОН «ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ»-РО МЕОМӮЗАНД

60081452_671724063282531_5304149263255601152_n

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ барои ба аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон фаҳмонидани мазмун ва моҳияти мақолаи Муовини якуми Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад — «Ҳизби ормонҳои миллӣ», ки дар аксар расонаҳои давлатию ҳизбӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Нигоҳи халқ» интишор ёфт, нақшаи суҳбату вохӯрӣ ва конфронсҳои судмандро таҳия намудааст.

Дар доираи нақшаи мазкур дар маҷлисгоҳи МТМУ №1, ба номи Насим Салимов низ вохӯрии масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ бо хатмкунандагони муассисаи мазкур ва як гурӯҳ ҷавонони маҳаллаҳои атроф баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ ба ҳамаи иштирокдорон шумораи 18-уми «Нигоҳи халқ», ки дар он мақолаи «Ҳизби ормонҳои миллӣ» пурра нашр шудааст, тақдим карда шуд.
Сипас, директори муассиса Орзугул Шарифова вохӯриро ифтитоҳ намуда, аҳдофи онро шарҳ дод. Зимни суханронии худ сарвари мактаб доир ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва роҳи пурифтихори ин ҳизби мардумӣ дар 25 соли созандагӣ низ маълумот дод.
Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар мавзӯи «Рисолати таърихии ҲХДТ дар мақолаи «Ҳизби ормонҳои миллӣ» ибрози андеша карда, таъкид намуд, ки дар мақолаи мазкур заминаҳои таърихии таъсиси ҲХДТ, нақши бузургу беназири Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории миллӣ ва ташаккули ҲХДТ бо далелҳои мушаххасу раднопазир баён гардидаанд.

Дар идомаи чорабинӣ гуфтгӯи озод миёни баромадкунандагон ва аҳли толор сурат гирифт.

Дар охири чорабинӣ директори муассиса Орзугул Шарифова ба роҳбарияти кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ барои чунин вохӯрию сӯҳбати самимӣ изҳори сипос кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>