Оила муқаддас аст!

2019051

Санаи 13-уми майи соли 2019 дар тарабхонаи «Висол» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маҳфили «Оила муқадаас аст!» баргузор гардид. Дар маҳфил мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Каримова Марҳаматой, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, мудири САҲШ-и ноҳия, раисони Шӯрои занони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони кумитаҳои маҳалла, раисони Шӯрои занону духтарони ноҳия, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар таклифшудагон иштирок намуданд.

Мақсади гузаронидани ин маҳфил тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон, пешгирии вайроншавии оилаҳо мебошад. Дар маҳфили мазкур аз Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 6 оилаҳои намунавию ҳунарманд ва эҷодкор яъне аз Ҷамоати шаҳраки Меҳробод оилаи Бобоевҳо, аз Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз оилаи Юнусовҳо, аз Ҷамоати деҳоти Гулхона оилаи Отаҷоновҳо, аз Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав оилаи Абдукаримовҳо, аз Ҷамоати деҳоти Сомониён оилаи Нуровҳо ва аз муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарии ноҳия оилаи Ҳайдаровҳо иштирок намуданд. Маҳфили «Оила муқаддас аст!» аз рӯи шартҳои муаррифии оила, нақл намудан аз лаҳзаҳои хотирмон, саволу ҷавоб, баромадан аз вазъияти ногувор ва машғулоти дӯстдошта баргузор гардид.

Дар фарҷоми маҳфил мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Каримова Марҳаматой ба сухан баромада иштирокчиёни маҳфилро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии оила табрику муборакбод намуда, ба оилаҳои намунавию ҳунарманд ва эҷодкор аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>