Кошонаи муҳаббат

IMG_6175

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рўзи байналмилалии оила маҳфили телевизионии “Кошонаи муҳаббат”-ро дар Хона-музейи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор намуд.

Саҳни ҳавлӣ бо ҳунарҳои қадимаи миллӣ ва овеза, гулҳои гуногун оро дода шуда, дар даромадгоҳ шаш ҷуфт арўсу домод бо либосҳои миллӣ ва бо мусиқии форам меҳмононро пешвоз гирифтанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода зимни сухангўӣ иброз дошт, ки оила мазраест поку муқаддас, мисбоҳест нурбахши  роҳи зиндагии инсонҳо. Он ҳар қадар устувору пойдор ва моили бахту саодат бошад, насли солиму арзандаи даврон беш аз пеш ба камол мерасад.

Матлубахон Амонзода, ҳамчунин, зикр намуд, ки дар маҳфили телевизионии имрӯза оилаҳои барўманду ҳунарманд, зафарманду шўҳратманди вилоят, ки аз дастони онҳо ҳунар ранг ба ранг мерезаду зиндагиашон мисли гулҳои табиат шукуфон аст, ҳузур доранд.

Баъдан ҳозиринро бо Рўзи байналмилалии оила муборакбод гуфта, барояшон ҳаёти хушу гуворо таманно кард.

Дар охир аз тарафи ҳофизон барои болидахотирии аҳли нишаст якчанд сурудҳои шўху ҷаззоб сароида шуд.IMG_6190

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>