Мулоқот бо табибон

IMG_2317

Шўрои навбатии беморхонаи марказии шаҳр ин навбат бо сўҳбати раиси КИ   ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода оғоз гардид.

Дар ин  машварат,  ки   сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ, марказҳою бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар кормандони соҳа  ҳузур доштанд ва аксарияти онҳо аъзои ҳизб мебошанд, раиси кумиҷроия аз ҷойгоҳу мавқеи кормандони тиб чун қишри соҳибмаърифати ҷомеа дар ҳимояи манофеи миллӣ, саломатии мардум сухан ронд. Таъкид шуд, ки сатҳу сифати хидмати тиббӣ ба аҳолӣ,  касбияти кормандони соҳа  аз бисёр ҷиҳат ченаки баҳои мардум ба фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ низ ҳаст.

Ҳамчунин, таваҷҷўҳи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии муассисаҳои тиббӣ, ки дар машварат ҳузур доштанд, ба зиёд намудани сафи ҳизбиён, аз ҷумлаи фаъолон, беҳдошти ҳуҷҷатгузорӣ, ороиши ҳуҷраҳои ҳизбӣ  ва корҳои тарғиботӣ ҷалб карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>