ШУКР ГӮЯМ ЗИНДАГИРО…

LOGO

Маҳфили адабию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ва зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ таҳти унвони “Шукр гӯям зиндагиро…”дар Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Директори Коллеҷи омӯзгорӣ Манучеҳра Кенҷазода зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи оила ва зодрӯзи шоири шаҳир устод Лоиқ табрик намуд. Мавсуф оиларо мактаби бузурге унвон кард, ки инсон дар он арзишҳои баланди инсониро омӯхта, дар камолоти маънавии ҷомеа нақши назаррас мегузорад.

Сипас, мудири шӯъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ Фирӯзахон Раҳимӣ бо баромади худ дар мавзӯи арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ дар рушди саодати оила сухан ронда, иштирокдорони чорабиниро аз номи роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният намуд.

Қайд карда шуд, ки Кумиҷроияи вилоятӣ вазифаҳои муҳими худро дар талош варзидан ба пойдорӣ ва хушбахтии ҳар як оилаи тоҷик, дар ниҳоди ҷавонон парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ, меҳру муҳаббат, ҳурмату эҳтироми падару модар, зану шавҳар ва дигар аъзои оила, тарбияи неки фарзанд зарур меҳисобад.

Дар чорабинии мазкур бо иштироки занони собиқадори ҳизб Мукаррамхон Бузурукова, Шуҷоат Ҳасанова ва муҳаррири масъули “Сухани халқ” Моҳира Раҳимзода барои 15 нафар донишҷӯёну омӯзгорон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуданд.

Донишҷӯёну устодони коллеҷ бо қироати шеърҳо ва тараннуми сурудҳо аз ашъори безаволи устод Лоиқ Шералӣ ба маҳфил шукӯҳу шаҳомати хос бахшиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>