ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН, ВОҚЕАН, ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ АСТ

LOGO

(Назаре ба мақолаи Фаттоҳзода Саидмурод Самад, муовини  якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва чанд андешаи дигар)

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки воқеан ҳизби ормонҳои халқ мебошад, рисолати барҷастаи худро дар Оиннома ва Барномаи амалаш сарбаландона татбиқ менамояд. Дар мақолаи мўҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз таърихи ҳизб ёдовар шуда, чанд бозтоби таъсиси он баён мегардад.

Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як замони ҳассосу тақдирсози кишвар таъсис дода, минбаъд муттаҳидсозандаи идея ва тафаккури ягона гардид.         Дар ҳақиқат, таъсиси як ҳизби нав дар давре, ки мамлакат бо даргириҳои шаҳрвандии таҳмилшуда фаро гирифта буд, ин иқдом осон намуд.

Дар замоне, ки сокинони кишвар, бахусус, дар мавқеъгирии сиёсӣ гурўҳҳои гуногун ноустувориҳо ва калавишҳо доштанд, вақте ки бўҳрони маънавӣ ва идеологӣ фарогири ҷомеа гардида буд, созмон додани ташкилоти сиёсӣ чун ҳизби нав кори саҳл ҳисобида намешуд.

Дар мамлакат, баробари идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи низоъангези идеологӣ низ ҷараён мегирифт. Барои амалисозии ҳадафҳои худ гурўҳҳои алоҳидаи сиёсӣ, ки қисме аз хориҷа идора мешуданд, бар зеҳну тафаккури сокинони кишвар маскан ёфта, бо таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои гуногун мехостанд идеологияи хешро дар мафкураи мардум ҷой намоянд.

Пайомадҳо дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат нишон доданд, ки созмону ҷамъиятҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое, ки фарогири гурўҳҳои алоҳидаи қавмӣ, маҳаллӣ ва рўҳонӣ буданд, онро мардум ба таври мусбат истиқбол накарданд. Сокинон аз шеваҳои демократия ва ошкорбаёнӣ назари некро намепазируфтанд.

Тавре дар мақола зикр ёфтааст, як омили ноустувори ин падидаҳо дар он буд, ки дар ташкилотҳои арзи вуҷудкардаи сиёсӣ нақшаи амал ва барномаҳояшон ҳувият, ормон ва суннатҳои миллӣ ҷой надоштанд.

Вақте ҷанги шаҳрвандӣ идома меёфту муборизоти идеологӣ ва мазҳабгароӣ давом мекард, барои ҳифзи Истиқлолият, ба даст овардани низоми сиёсӣ, муайян намудани роҳи рушд, ваҳдату ягонагӣ зарур буд тафаккури сиёсии ягона, муттаҳидӣ, ғоя ва андешаҳои созанда, ки ҳамаро дар атрофаш гирд оварад, рўи кор ояд. Дар андешаҳои мўҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад қайд мегардад, ки ҳамин идеяи созандаи дар меҳвараш қишрҳои гуногуни ҷомеа, зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рўҳониёнро муттаҳидкунанда таъсис додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар асл тафоҳуми бунёди тарҳи нави ин ҳизб дар он буд, ки он кулли ормонҳои халқро ба назар гирифта, суннатҳои миллии давлатдориро бо риояи фарҳангу тамаддунҳо дар нақшаю барномаҳояш ҷой дода буд.

Ҳамчунон ки Истиқлолияти давлатӣ ба осонӣ ба даст наомадаву миллати тоҷик дар ин роҳ ҷонфидоиҳо кардааст, таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар майдони муборизаҳои идеологию мазҳабӣ, ки метавонист як иқдоми нодурусти созанда ва ё сўзанда бошад, таъсис дода шуд.

Хиради азалӣ, фитрати бунёдкорона ва тасмимҳои созандаи Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан бунёдгузори Тоҷикистони навин мебошанд, таҳкимбахши  ваҳдату суботи сиёсӣ гардида, ба ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ асос гузошта шуд.

Баробари иҷрои аҳди хеш, яъне истиқрори сулҳи тоҷикон, барқарор кардани заминаҳои иқтисодиёти миллӣ, асос гузаштан ба оғози зиндагии шоистаи сокинон, Роҳбари соҳибхиради тоҷикон тавонистанд ғояи ягонаро, ки ҳадафаш танҳо расидан ба мақсаду маромҳои бунёдкорона бошад, асос гузоранд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ давоми иқдомоти ҷомеасози Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он аз андеша ва ташаббуси муттаҳидкунандаи Роҳбари давлат маншаъ мегирад.

Баробари ба майдони сиёсат ворид гардидан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз даври оғози фаъолият бо бунёду рушди кишвар ҳаммаром гардида, нуфузи худро давр ба давр афзун намуд. Сафи он низ ҳамасола зиёд шуда, ҳар узви ҳизб дар пешрафти мамлакат саҳмгузор гардид.

Дар мақола шахсиятҳои номвари кишварҳои олам, ба монанди Рузвелт, Черчилл, Камол Отатурк, Ли Куан Ю, Ден Сияопин, Махатхир Муҳаммад ва чанде дигарон муаррифӣ мегарданд, ки намунаи ибрат дар роҳи давлатсозӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии халқи худ гардидаанд.

Бешак, асосгузори давлати навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон низ аз ҷумлаи чеҳраҳои мондагори ҷаҳонӣ мебошанд, ки тавонистанд дар баробари эҳёи давлате дар замони ҳассос идеологияи ягонаи мутамарказро бо назардошти суннати миллӣ ва бо риояи рукнҳои давлати демократӣ асос гузоранд. Ин дар мисоли таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баралло аён мегардад.

Имрўз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар рушди иқтисодиёт, ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишвар нақши арзанда мегузорад. Ҳар як узви ҳизб бо риояи принсипҳои муттаҳидӣ мақому манзалати ҳизбро дар ҷомеа тақвият бахшида, барои саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар худро масъул меҳисобад.

Дар роҳи ба даст овардани дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, ки шумори онҳо ба ҳазорҳо мерасад ва дар меҳвари он Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, нақши узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ арзанда мебошад.

Имрўз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мактаби бузургу шоистаи ватандорист, ки дар он шахс бо роҳи ҳифзу татбиқи ормонҳои миллӣ, ҷомеасозӣ, муттаҳидиву созандагӣ ба камол мерасад.

Ҳар як аъзои ҳизб фардои дурахшони Тоҷикистонро бо назари нек менигарад ва дарк мекунад, ки кишвар дар роҳи рушди устувор қарор дошта, ояндаи наздик ба ҳадафҳои олии худ хоҳад расид.

Тавре Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «аъзои ҳизб будан вазифа набуда, балки масъулият аст». Итминон дорем, ҳар узви ҳизб ин масъулияти арзандаро дар назди Ватан дарк менамояд.

Бинобар таъкиди мўҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад, дар ҳақиқат, «истилоҳи ҲХДТ силсилаи ҳарфҳои холӣ набуда, дар мўҳтавои он бозтоби  арзишҳои як даври таърихи миллат идеология ва назару андешаи як қисмати бузурги ҷомеа маҳфуз аст».

Сано ба он ки аъзои сазовори ин узви созандаву мардумӣ гардида, барои рушди кишвар ва ҳаёти музаффар зери раҳнамоии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин миллат хидмат мекунад.

 

   Тўйғун ШАРИФЗОДА,    

раиси КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Зафаробод 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>