Санҷиши саривақтӣ ва маслиҳати муфид

DSC_3840

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бобати омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва расонидани ёрии амалӣ доир ба ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ  тибқи нақшаи корӣ амал намуда, баҳри пешрафти кори ҳизбии созмонҳои ибтидоӣ кӯшиш намуда истодааст.

Бо ин мақсад аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб корбарии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии беморхонаи марказии ноҳия мавриди омӯзиш ҷараён гирифт. Маълум гардид, ки  кори ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ, корҳои таблиғотӣ ва баргузории соатҳои сиёсӣ мувофиқи талаб аст.

Бо вуҷуди ин, дар баъзе самтҳои фаъолияти ҳизбӣ камбудиҳо ба назар расиданд, ки барои бартараф намудани онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Раиси Шӯрои собиқадорони КИН ҲХДТ Муътабар Мадаминова зимни сӯҳбат бо раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдурауф Имомов таъкид дошт, ки узвият аз ҳисоби кормандони соҳа, ки дар ҷомеа обрӯву нуфузи зиёд доранд, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро қаноатманд карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бобати дарёфт ва қабули сифатноки кормандони муассиса кӯшиш ба харҷ диҳем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>