“Ганҷи сухан”: Шоири имрӯзу фардо

Рисунок1

Имрӯз дар Кохи фарҳангии ба номи устод Рӯдакӣ нишасти 173-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» доир гардид, ки он ба 25-умин солггарди  таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ бахшида шуда буд.

Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, зикр кард:

–Маҳфили навбатӣ дар Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардида истодааст ва дар ин ҷо нафароне ҳузур доранд, ки дар бунёди давлати соҳибистиқлоли мо саҳми худро гузоштаву гузошта истодаанд. Саидумрон Саидов ҳозиринро бо Рӯзи оила табрик гуфт ва қайд кард, ки баргузории маҳфили навбатиро Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сарпарастӣ ва дастгирӣ намудааст. Ин иқдоми наҷиб аз он шаҳодат медиҳад, ки КИ ҲХДТ дар вилоят дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амал мекунад, ки яке аз самтҳои он дастгирии илм, адабиёт, фарҳанг ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг мебошад.

Моҳи майро моҳи пур аз шодиву нишот ва ҷашнҳо унвон карда, зикр намуд, ки имрӯз мавлуди як шоири тавонову ширинкаломи тоҷик устод Боқӣ Раҳимзода низ мебошад. Санаи 20-уми май милоди умри  устодони бузурги назми тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат аст. Ин рӯзҳои неку хотирмонро ба аҳли дилу аҳли назар муборакбод гуфт.

Ҳамин тавр, маҳфил таҳти унвони “Шоири имрӯзу фардо”,   бахшида ба зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ оғоз гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ба сухан баромада,  пеш аз ҳама, аҳли ҳузурро бо Рӯзи оила табрик намуд ва барояшон ишқу муҳаббат ва меҳру садоқати оилавиро орзу кард.

Сатториён Матлубахон Амонзода зикр намуд, ки КИ ҲХДТ дар вилоят пайваста бар он мекӯшад амалҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама ҷабҳаҳо пайравӣ ва роҳандозӣ намояд ва дар ин радиф дар пешрафти илму адаб саҳми худро гузорад. Дар ин замина, дар ҳамдастӣ бо Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ,  МИҲД-и вилояти Суғд ва телевизиони вилоят дар баргузории чорабиниҳои гуногун саҳми худро мегузорад. Таъкид гардид, Кумиҷроияи вилоятӣ барои баланд бардоштани маънавиёти мардум ҳамеша  кӯшиш ба харҷ медиҳад. Мавсуф афзуд, ки мавҷудияти маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” яке аз корҳои муҳим ва муассир дар амалӣ намудани сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат мебошад.

Роҳбари КИ ҲХДТ дар вилоят гуфт, ки ин маҳфил бо дастгирии МИҲД-и вилоят, шахсан Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нишастҳои худро дар соли равон бо барномаҳои ҷолиб рӯи кор овардааст ва як самти он аз бузургдошти ашхоси таърихист. Ёдбуди устод Лоиқ дар ин рӯзҳо гувоҳи он аст, ки шахсият ва осори ин абармарди шеъру адаб барои аҳли кишвар азиз аст. Ӯ устод Лоиқро шоири нотакрор унвон карда, эҳтироми ашъори безаволашро эҳтироми миллат номид.

Сипас, Аҳмадҷони Раҳматзод – Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз хотираҳои хубу гуворои ҳамкориву дӯстӣ доштанаш бо Лоиқ ҳарф зад.

Муаррифии муҳимтарин сарчашмаву адабиёт оид ба рӯзгор ва осори Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ аз ҷониби Боҳир Раҷабов – номзади илмҳои филология сурат гирифт.

Мулоҳизаҳои  хешро перомуни сабки ашъори устод Лоиқ Маҳмудзода Мисбоҳиддин Нарзиқул – доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баён кард.

Дар доираи маҳфил озмуни “Донандагон ва хонандагони ашъори Лоиқ”  барои гирифтани ҷоизаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷамъбаст карда шуда, ғолибон қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ба 16 нафар ҷавонони фаъол дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов ва муҳаррири ТВ Суғд Лолаи Иброҳим бо медали ҷашнии “25-солагии ҲХДТ” мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин, ба баромадкунандагон тӯҳфаҳои Раиси вилоят супорида шуд..

Суруду оҳангҳои дилнавоз бар матни Лоиқ Шералӣ аз ҷониби сарояндагони хушовоз табъи иштирокчиёни маҳфилро болида сохт.IMG_8293IMG_8279IMG_8349IMG_8468IMG_8418

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>