Сарнавишти ман аз оила сар мешавад

20190514_122923

Бахшида ба Рӯзи оила таҳти унвони “Сарнавишти ман аз оила сар мешавад” дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Шаҳристон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занони мақомоти иҷроияи маҳалли ноҳияи Шаҳристон , бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуда маҳфили “Оилаи беҳтарин” доир гардид. Дар он собиқ  муовини озоди раиси кумитаи иҷроияи ноҳия Атабоев Алиҷон бо оилаи худ  Атабоева Инобат , оилаи Қирғизбоевҳо, оилаи Душаевҳо ва  оилаи Ҳотамовҳо иштирок намуданд.

Иштирокчиён, яъне оилаҳои намунавӣ шартҳои гуногун, аз ҷумла дар бораи чӣ тавр шинос шудан, хотираҳои ҷавонӣ, намоиши маҳорат, саҳначаи ҳаҷвӣ, мавзӯи озод ва аз панду насиҳатҳои рӯзгори пурбаракат иҷро намуданд.

Маҳфил бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одобу устувории оилаҳои доир гардид.

Шартҳои озмунро иштирокчиён бо маҳорати баланд иҷро намуданд.. Дар охир аз тарафи аъзои фаъоли ҲХДТ  ба иштирокчиён  тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>