Мулоқоти судманд

20190508_094155

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар МТМУ №46-и Ҷамоати деҳоти Айнӣ бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан” баҳри баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ,  мулоқоти судманд доир гардид, ки дар он ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ баргашта, устодон, толибилмон ва волидон ширкат варзиданд.

Сарвари муассиса Н. Зокирова ба сухан баромада, доир ба рушди таълиму тарбия ва беҳтар намудани фазои эҷодиии толибилмон ибрози андеша кард. Дар идомаи мулоқот роҳбари ТҶҶ” Созандагони Ватан” С. Қобилов ҷавононро бо фарорасии Рӯзи ҷавонон табрик намуда, қайд кард, ки мо, ҷавонони даврони Истиқлолият ба тамоми таваҷҷӯҳу ғамхориҳои роҳбарияти кишвар фаро гирифта шудаем. Бояд, ки дониши сиёсии худро баланд карда, баҳри пешбурди имрӯзу фардои давлату миллат ҳаматарафа кӯшиш намоем.

Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони ноҳияи моро мебояд, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд.

Ҳамзамон, хонандагон аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат ва дигар шоирони ширинкаломи миллат шеърҳо қироат намуданд

Дар интиҳои конфренсия ба хонандагони фаъол Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>