ҲХДТ – сарпарасти маънавии НБО “Роғун”

IMG_20190515_090754

Дар машғулияти навбатии хониши сиёсӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бунёди бузургтарин нерўгоҳи барқи обии минтақа аз ин нигоҳ шарҳу тавзеҳ гардид.

Мудири дафтари матбуоти КИ   Турдибой Солеҳзода бунёди ин кохи азими нурро чун кафили истиқлолияти энергетикӣ, муҳаррики иқтисод ва тавсеабахши саноат, истеҳкомбахши ҷойгоҳи минтақавӣ, калиди ҳалли як зумра мушкилоти иқтисодӣ, шиносномаи гардишгарии Тоҷикистон, мактаби тарбияю коромўзии мутахассисон,омили ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷойгоҳи шоиста дар байни ҳамсоягон ва меҳвари иттиҳоду ҳамбастагии ҳамватанон ва умед ба ояндаи беҳтар шарҳу тавзеҳ намуд.

Дар фарҷоми машғулият мудири шўъбаи тарғибот ва иттилооти КИ Бурсибой Лутфуллоев таъкид дошт,ки дар таъини бунёди нерўгоҳи Роғун-тимсоли ормону ғояи миллӣ, ҲХДТ чун сарпарасти маънавии он саҳми бориз гузоштааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>