Аъзоёни ҲХДТ меафзояд

2

Дар ташкилоти ибтидоии ”Меваи Истиқлолият” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид, ки дар он ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамрохон Атаева, муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи тавонои сиёсии кишвар бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омада, дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа мақому эътибори арзандаро соҳиб гаштааст.

Дар вазъияти тантанавӣ ба 24 нафар омӯзгорони фаъоли мактаб — интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, Раиси ТИ “Меваи  Истиклолият” Гулнора Обидова барои иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб ва бахшида ба чашни 25 — солагии  таъсисёбии ҲХДТ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида  шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>