Мусобиқаҳои варзишӣ

20190515_152810

Бо ташаббуси ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба истиқболи Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар майдончаи варзишии  МТМУ №6 аз рӯи намуди футбол, шоҳмот ва кашидани вазн мусобиқаҳои варзишӣ доир гардид. Дар мусобиқа хонандагони МТМУ № 6, МТМУ №37,  №28   ва №18  иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.

Қобилзода Абдуғанӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ таъкид намуд, ки ҷавонон ояндаи миллат ва давлат маҳсуб ёфта, нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим  ва машғулияти ин қишри ояндасоз бо варзиш нақши муҳим дорад.

Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ тӯҳфа ва Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>