Мулоқоти судманд

Screenshot_2019-05-15-22-58-06

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии оила бо хонандагони  муассисаи таълимии № 10 мулоқот намуданд.

Мудири  шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҳбар Ёдгорова  оид ба масъалаҳои оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи фарзандон ва риояи арзишҳои милливу фарҳангӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, перомуни ба роҳ мондани омӯзиш, соҳибкасб намудани занон ва эълон шудани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” андешаҳо иброз шуданд. Гуфта шуд, ки  соҳибҳунару соҳибихтисос гардидани занону духтарон яке аз заминаҳои асосии мустаҳкамии оила ва пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати фаро гирифтани занону бонувон бо касбу ҳунар пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>