“Оила саодати зиндагист!”

1,1

Таҳти ин унвон  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии оила конференсияи илмӣ-  адабӣ доир гардид, ки дар он занони фаъол ва оилаҳои барӯманд иштирок намуданд.

Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз номи роҳбарияти ҳизб иштирокчиёни конференсияро ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии оила табрик гуфт. Таъкид шуд, ки оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа дар рушду пешрафти миллат нақши меҳварӣ дошта, мустаҳкамӣ ва устувории он омили асосии субот ва назму тартиби давлат маҳсуб меёбад. “Масъалаҳои марбут ба оила ва оиладорӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин замина КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкиму пойдории оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо пайваста тадбирҳои судманд амалӣ менамояд”- қайд намуд Аминҷон Шарифзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд.

Оид ба нақши оила дар ҷомеа Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд суханронӣ кард. “Оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад. Мақоми оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат аҳамияти хоса дошт ва дорад”.

Ҳамзамон, перомуни паҳлӯҳои ҳуқуқии оиладорӣ директори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Хоҷазода Хуршедахон маърӯза намуд. Гуфта шуд, ки оила рукни муҳими давлатдорӣ буда, давлат ҳамаҷониба ба устувории оила, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигарӣ, ҳисси масъулияти баробарии аъзои оила, ташаккул ва таъмин намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳои аъзоёни оила манфиатдор мебошад.

Перомуни мавзӯи «Оила — пояи давлат» намояндаи суди шаҳри Хуҷанд Маъруфзода Некрӯз Нарзулло ва аз ҷониби намояндаи таваллудхонаи вилоятӣ Ёқубова Насиба дар мавзӯи «Оилаи солим — ҷомеаи солим» маърӯзаҳо шунида шуд. Зикр гардид, ки давлат ва оила бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд ва оилаи солим аз зану шавҳар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сабру тоқатро тақозо мекунад.

Дар интиҳои конференсия ба чор оилаҳои ниёзманди шаҳри Хуҷанд ёрии молиявии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  расонида шуд.

Инчунин, ба 6 нафар шахсони арзанда, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>