“Ҷавонон – нерӯи созанда ва бунёдкор”

1,1

Дар Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “ Ҷавонон — нерӯи созанда ва бунёдкор” рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ доир гардид. Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева зимни суханронӣ таъкид намуд, ки пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз муттаҳидии ҷавонон вобаста буда, ҷавонон дар меҳвари ҳама гуна тағйироту табаддулоти равандҳои ҷомеа нерӯи марказӣ маҳсуб меёбанд. “Ҷавонон иқтидори воқеии пешрафти кишвар буда, аз оғоз то имрӯзи соҳибистиқлолии Ҷумхурии Тоҷикистон баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хочагӣ саҳми ҷавонон назаррас аст.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Рахмон қайд намудаанд, ки «Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯза огоҳ бошанд. Таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд»”.  – зикр намуд Муҳаббат Ӯрунбоева.

Дар охири чорабинӣ ба 33 нафар кормандони Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Хуҷанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Чунин мулоқот дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>