ҲХДТ – нерӯи тавонои сиёсӣ

6

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзоёни ТИ «Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» мулоқот доир гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Тӯйғун Шарифов дар бораи нақшаву  ҳадафҳои барномавии ҲХДТ суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки ҲХДТ ҳамчун нерӯи бузурги сиёсӣ дар рушди кишвар саҳми арзанда мегузорад. “КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои судманд амалӣ менамояд. Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва беҳдошти сиҳатии мардум дар меҳвари фаъолияти ҳизб қарор дошта, дар ин замина кумиҷроияи ноҳия чорабиниҳои гуногун доир мекунад”.

Ҳамзамон, чанд нафар табибон суханронӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷиҳати татбиқи Барномаи ҲХДТ беш аз пеш саҳм мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>