«Ҷавонон – насли ояндасози Тоҷикистон»

20190516_090700

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар ташкилоти ибтидоии Навкент бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” мулоқот доир намуданд. Раиси кумиҷроия оид ба нақши ҷавонон дар рушду пешрафти давлату миллат суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки ҷавонон насли ояндасози Тоҷикистон, нерӯи пешбарандаи ҷомеа, иқтидори воқеии пешрафти давлат ва ояндаи миллату давлат маҳсуб меёбанд.

Мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия Примқулова Зебо перомуни дастовардҳои ҷавонон ибрози назар намуд. “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст. Кишваре, ки худ ҷавон асту қисми бештари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, бешубҳа аз они ҷавонон аст ва давлату миллат дар симои ҷавонон такягоҳи боэътимодро мебинад”.

Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати пешорафти Тоҷикистон кӯшиш намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>