Мусобиқаи баскетбол байни бонувон

1

Бахшида ба 25 — солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд байни омӯзгорони (бонувони) муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд аз рӯйи намуди варзиши баскетбол мусобиқа баргузор шуд. Мусобиқаи мазкур барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таъкид намуд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани завқи худшиносии миллӣ, рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш маҳсуб меёбад. Гуфта шуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо байни бонувон дӯстиву якдигарфаҳмиро тақвият бахшида, ҷамъиятро ба ташаккули тарзи ҳаёти солим раҳнамун месозад. “Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикиситон  ба шумор рафта, дар ин замина КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пайваста чорабиниҳои муҳими варзишӣ ташкил менамояд” – таъкид намуд Аминҷон Шарифзода.

Мусобиқа дар сатҳи баланд доир гардид ва дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барандаи Ҷоми КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дониста шуд. Ҳамин тавр, зинаи дуюмро вазишгарбонувони дастаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва зинаи сеюмро дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ишғол карданд.

Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зимни суханронӣ иброз дошт, ки таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш хоса аст.  “Дастоварди варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ бозгӯи он аст, ки аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар барои пешрафти соҳаи варзиш эътибори хоса зоҳир мегардад”.

Ба ғолибони муосбиқа Ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>