“Оилаи мустаҳкам – омили пешравии ҷомеа”

оила

Ин унвони хониши сиёсӣ буд, ки дар ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд.

Солиева М, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумиҷроияи ноҳия зимни хониши сиёсӣ дар минтақаи Ғозиён оид ба нақши оила дар ҷомеа суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул ёфта,  оилаи мустаҳкам омили пешравии ҷомеа маҳсуб меёбад. “Ҳаёти солими миллат аз аз фазои солими оила маншаъ мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши он дорад. То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд”.

Қайд гардид, ки таҳкими саодати оила як шеваи бархӯрди инсонгароёна ва яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мебошад.  Мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва тартиби ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, ба 10 нафар аъзоёни тозаинтихоб  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>