Вохурии судманд бо хонандагон

IMG_5829

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо, тарбияи онҳо дар рӯҳияи меҳанпарастӣ бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ №9 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулхона вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Навбаҳоров Мубориз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Умарзода Ботирҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия Набиев Шерзод иштирок ва суханронӣ намуданд.

Навбаҳоров Мубориз зимни баромади худ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаҳои худро иброз намуд.

Баъдан, Умарзода Ботирҷон оиди фарҳанги техникии ҷавонон ҷиҳати истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо суханронӣ намуда, зикр кард, ки яке аз хатарҳои баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Аз ин лиҳоз, мо бояд муаррифгари таъриху фарҳанги бои тоҷикон ва шахсиятҳои таърихии ин миллати бузург ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии тоҷикон бошем.

Дар фарҷоми вохӯрӣ бо ҷамъомадагон саволу ҷавоб доир гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>