Мулоқоти судманд

20190516_111517

Дар толори хурди маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъомади навбатии аъзоёни гурӯҳи «Ватанпарвар»-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад роҳбари гурӯҳ, раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам ва аъзоён иштирок намуданд.
Одилзода Рустам зимни баромади худ оиди истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма, кор бо электорат дар интернет, саривақт ба аҳолӣ расонидани дастовардҳои муҳимтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин посухи муассир ва муносиб ба маводи танқидию ғаразноки васоити электронии ахбор аз ҷониби душманони Ватан ва наздик шудани маъракаҳои интихоботӣ, ҷоннок намудани фаъолияти гурӯҳ суханронӣ намуд.
Инчунин, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод дар мавзӯи “Ташаккули фарҳанги техникии ҷавонон ҷиҳати истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо” баромад намуда, аз ҷумла чунин қайд кард: «Шабакаҳои иҷтимоии маъмулӣ, ки ҷавонони мо бештар аз он истифода мебаранд «Facebook» мебошад. Маҳз Паймони миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ аз дастовардҳои азим ва беназири даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваҳму ҳарос ва таҳлука афтода ба ҳар гуна васила пайваста дар шабакаҳои иҷтимоии «Facebook» ва «You Tube» баромадҳо ташкил карда, мақсадҳои ғаразонаи худро амалӣ намудан мехоҳад. Баромадҳои ғаразонаи онҳо дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ мо, ҷавонони бедордилро бетараф нагузошта, водор ба он месозад, ки қалам ба даст гирифта, фикру андешаҳои худро нисбати чунин баромадҳои бемағзу бепоя иброз намоем».

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>