Боздиди гурӯҳи кории КИВ ҲХДТ аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

7

Гурӯҳи кории КИВ ҲХДТ дар ҳайати Зоҳидов Ф.А. ва Ф. Раҳимӣ тибқи супориши Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дидан намуданд.

Санҷиш дар раванди афзоиши теъдоди аъзоён, таъмини нақшаи чорабиниҳо, фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, корҳои тарщиботию ташвиқотӣ, қабули шаҳрвандон, фаъолияти вакилон, базаи моддию техникӣ, аёдат, интизоми иҷроия ҷараён гирифта, ҳамчунин фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан», шӯрои собиқадорони ҳизб ва дигар корҳое, ки дар татбиқи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ равона карда шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки баробари пешравиҳо ва ноил шудан ба дастовардҳо дар фаъолияти ҳизбӣ масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалталаб мебошанд. Аз ҷумла, фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва бахши омори Кумитаи иҷроия фаъолияти бештарро тақозо менамояд. Худи ҳамон рӯз аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии «Беморхонаи марказӣ», «ҶДММ-Душанбе Р» ва «Коллеҷи политехникӣ» боздид ба амал оварда шуд.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба масъулон бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар самтҳои зикргардида дастурҳои судманд дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>