Барои дарёфти Ҷоми кумиҷроияи шаҳрӣ

IMG_20190518_115858

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шӯъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарварӣ, дарёфти варзишгарони умедбахш аз ҳисоби наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи варзиш, пешгирии сатҳи ҷиноятсодиркунӣ, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, равияҳои динӣ ва дарёфти Ҷоми ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бахшида ба ҷашни 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ, ҷашни 30-солагии Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳонаи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни ҷавондухтарону ҷавонписарони муассисаҳои таълимии  ташкилотҳои ибтидоӣ дар толори  кохи варзишии «Истиқлол»-и  шаҳр ташкил ва баргузор карда шуд. Дар мусобиқаи волейбол дастаҳо аз муассисаҳои таълимии ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон иштирок намуданд. Мусобиқа байни дастаҳо тибқи Низомномаи мусобиқаи волейбол шаффофу шавқовар сурат гирифт. Дастаҳо байни ҳам 6 рӯз қувваозмоӣ намуданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқаи волейбол раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муслимахон Ҷамолиён  иштирокчиёни мусобиқаро бо  Рӯзи ҷавонон шодбош намуда, дастаҳои ғолиб бо Ҷом, медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфарозонида шуданд. Инчунин, ду нафар бозингари беҳтарин қадрдонӣ карда шуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>