Ҷавонон – такягоҳи боэътимод

IMG_20

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён бахшида ба Рӯзи Ҷавонон бо ҷавонони шаҳр мулоқот намуд. Раиси кумиҷроия дар бораи нақш ва нерӯи созандаи ҷавонон суханронӣ намуда гуфт, ки ҷавонон ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор доранд. Таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб ба қувваи созандаи ҷавонон итминон дорад ва дар ҷабҳаҳои гуногуни фаъолият ба ин қишри ояндасоз ҳамчун такягоҳи боэътимод бовар мекунад.

Ҳамзамон, ба 15 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва Идрорпулии Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон супорида шуд.

Аз ҷавонон даъват карда шуд, ки бо нерӯи ақлонӣ ва маҳорати касбии худ ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва гулгулшукуфоии Тоҷиикстон софдилона хизмат намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>