Терроризм — хатари умумиҷаҳонӣ

2019

Таҳти ин унвон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар МТМУ № 18 — 19 соати сиёсӣ доир гардид, ки дар он омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро баррасӣ намуданд. Мушовири раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Ортиқбой Икромов ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Истаравшан Бобурҷон Шарипов  оид ба сабабҳои пайваст шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки паст будани дониши сиёсӣ, маърифати нокифояи ҳуқуқӣ ва ҳамчунин, саводи сусти динӣ аз омилҳои асосии гумроҳшавии ҷавонон аст.

Қайд гардид, ки терроризм ва экстремизм вабои аср буда, ин зуҳуроти номатлуб омили асосии ваҳшоният ва ҷаҳолат аст. Таъкид гардид, ки терроризм хатари умумиҷаҳонӣ буда, мубориза бо ин зуҳурот вазифаи танҳо мақомотҳои давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар шаҳрванди кишвар аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>