“Беҳтарин донанадгони ашъори Лоиқ”

IMG_2918

КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ ҳамоиш доир намуд, ки дар он аз мероси нотакрори ӯ ёд карданд. Ин иқдом бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи Лоиқ Шералӣ дар рушди адабиёти тоҷик роҳандозӣ гардид.

Ҳамоиши мазкур дар Кохи Лоиқ доир гардид ва дар пояи муҷассамаи ӯ озмуни қироати шеър аз осори Лоиқ Шералӣ ҷамъбаст карда шуд.

Дар ин базми шеъру суруд ашъори ноби устод дар ҳузури ҳаводорони зиёдаш аз ҷониби наврасону ҷавонон қироат шуда, сурудҳои зиёде аз  ашъори ў садо доданд.

Ба беҳтарин донандагон  ва сарояндагони ашъори  устод Лоиқ Шералӣ тӯҳфаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби Мурод Шукрзода, раиси кумиҷроия, муовини раиси шаҳр Зайнура Азимӣ ва писарбузурги  устод Лоиқ — олими варзидаи соҳаи кишоварзӣ Диловар Шералӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>