Дастурҳои РАИСИ ҲХДТ — сармашқи фаъолияти ҳизбиён

IMG_2943

Муҳимтарин нуктаҳои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи  10 – уми майи соли равон  бо кормандони соҳаи бонкдорӣ, молиёт (андоз) ва гумруки кишвар аз ҷониби ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии  “Амонатбонк”-и шаҳри Панҷакент мавриди омӯзиш ва натиҷагирӣ қарор гирифт.

Оид ба беҳтар намудани сифти фаъолият дар ин соҳаҳои калидии иқтисоди кишвар, аз байн бурдани фасодкорӣ, афзал донистани манофеи давлату миллат аз мафиатҳои шахсӣ,  эҳтиром гузоштан  ба мизоҷони бонкҳо, гум накардани эътимоди мардум  ва дигар масъалаҳои мубрами рўз дар мулоқоти мазкур суханронӣ намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Шомурод Холов ва намояндаи кумиҷроияи шаҳр Бурсибой Лутфуллоев аз ҳизбиёни ТИ “Амонатбонк” даъват намуданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат масъулият эҳсос намоянд ва дастурҳои Раиси муаззами ҳизбро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>