Ҷаласаи машваратӣ

1

Маҷлиси машваратии назди раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  бо иштироки кормандони кумиҷроия доир гардид. Ҷоннок намудани фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ, ташкили мулоқоту вохӯрӣ дар маҳаллаҳо, ҷалб намудани аъзои нав ба сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони арзанда, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими дарпешистода зимни маҷлиси мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  оид ба татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда,  аз кормандони кумиҷроя даъват ба амал оврад, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулият эҳсос намоянд.

Ҷаласаи машваратӣ бо вазифагузориҳои раиси кумиҷроия ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>