Мулоқоти судманд

20

Дар толори МДТ Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ вохӯрии муштараки масъулини ШВКД ҶТ дар ноҳия ва кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо донишҷӯён доир шуд.

Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ  дар мавзӯи «Сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ»  маърӯза намуд. Номбурда оид ба саҳми бузурги абармарди таърих, Раиси муаззами ҲХДТ дар ташаккул ва такомули Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози назар кард.

Муовини сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Мастчоҳ подполковники милитсия  Абдулфайз Файзиев перомуни омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба амнияти кишварҳо хатари ҷиддӣ пеш овардааст ва мубориза бо ин вабои аср масъулият ва вазифаи сокинони тамоми сайёра мебошад.

Чунин мулоқоти судманд дар дигар муассисаҳои ноҳия низ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>