Қишри ояндасоз

IMG_20190521_092221

Дар Қисми низомии 051056-и Гвардияи миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо сарбозон ва афсарон мулоқот баргузор шуд. Ҷалолов М, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар вохӯрии мазкур иштирок намуда, ҷавононро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфт.

Таъкид шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мардонагӣ ва шуҷоат буда, хизмат дар он омили ифтихор ва масъулияти ҷавонон аст. “Ҷавонони ҷасуриродаву ватандӯст қишри ояндасоз ва пайравони асили сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста таҳти дастгирӣ ва таваҷҷуҳ қарор доранд. Дар ҷомеаи имрўза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар  саҳми ҷавонон хеле назаррас аст, зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерўи муҳими пешбарандаи фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошанд”.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>