Мулоқот бо сокинон

1

Намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷалб намудани аҳолӣ ба корҳои созандагиву ободонӣ дар бозори «Абдулазиз» ва назди масҷиди Шайх Маслиҳиддин бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ намояндагони ҳизб қайд намуданд, ки маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. “Тоҷикистони тозаистиқлол ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаддас шумурда, соҳибихтиёрии давлатро таъмин  ва баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад. Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад»

Аз шаҳрвандон даъват карда шуд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваи худро ҷиҳати боз ҳам пешрафту шукуфоии Тоҷикистон равона кунанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>