“Меҳвари муҳаббат”

98

Дар ташкилоти ибтидоии минтақаи Ғозиён маҳфили навбатии “Меҳвари муҳаббат” баргузор шуд. Дар маҳфили мазкур намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М, занону духтарони хонашин аз маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Бонуи ҳунарманд Ҷӯраева Гавҳар маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо гузошта, оиди ҳунари гулдӯзии хеш маълумот дод. Номбурда гуфт, ки ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда буда, инсонро ба зиндагии босаодат ноил мекунад.

Таъкид шуд, ки эълон шудани солҳзои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” далел аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба ашхоси ҳунарманд мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳунармандонро зарур аст, ки ба  касбу ҳунарҳои аҷдодӣ арҷ гузошта, ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои милли тоҷикӣ софдилона меҳнат намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>