ҶОНИБДОРИ ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА ҲУҚУҚБУНЁДЕМ!

LOGO

Имрӯзҳо мо, мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд дар шароити сахти вусъатёбии бӯҳрони молиявӣ, ки ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардум бетаъсир намемонад, ҳамчун пуштибонии миллат барои амалӣ нагардидани тарҳи хиёнаткоронаи зархаридони хориҷӣ кӯшиш намуда, саҳнаро аз ҳамагуна мухолифин пок созем. Фазои тарсу ҳаросро, ки имрўзҳо нохалафони ТЭТ ҲНИ эҷод карданианд, ҳамеша дар ҳолати амну оромӣ, якдигарфаҳмӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳифз намуда, нагузорем ягон нохалафе ба кишвари азизамон газанд расонад.

Бояд тазаккур дод, ки мақсади аслӣ ва асосии эродҳои зархаридони хориҷӣ бо ҳар роҳу восита ноором сохтани фазои мамлакат аст. Чуноне ки муаллифи мақола Муҳаммадиқболи Садриддин навиштааст: «Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон сиёсатмадоре аст, ки метавон ба ӯ бовар кард. Бовар кард, ки маҳз ӯ ва амсоли ӯ метавонанд барои ҷомеаи Тоҷикистон ва давлати он корҳое бикунанд, ки боиси шукуфоӣ ва ривоҷу равнақ бошад. Бо ин вуҷуд, ки ӯ дар хориҷа аст ва кору фаъолияти худро барои ватан аз ҳамин ҷо ба роҳ мондааст, шумори пайраву тарафдори ӯ ва роҳу равиши сиёсии ӯ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа бештар ва бештар мешаванд. Кабирӣ ба унвони на танҳо раҳбари як ҳизбу созмон, балки фаротар аз ин чаҳорчӯб ва доира, раҳбари қисмати аъзами ҷомеаи Тоҷикистон, раҳбари афкору андеша ва ормонҳо шудааст».

Чунин нигоштаҳои сохтакоронаи муаллиф дар бораи Кабириро касе бовар нахоҳад кард. Кабирӣ ҳамчун хоини Ватан дар Тоҷикистон шинохта шудааст ва то он даме, ки Муҳиддин Кабирӣ аст,  номи дини мубини Ислом ва миллати тоҷик доғдор мемонад, зеро ў на имон дораду на ҳурмату иззати инсонӣ.

Мо борҳо гуфтем ва ҳозир низ сари ин андеша қарор дорем, ки ҳар гуна баҳсу мунозира дар қазияҳои ҳассос хоса дар шароити ҳозира то чӣ ҳадди харобоваре метавонад ба раванди бебозгашти сулҳу субот дар кишвар, андешаи солиму созандаи кишвардорӣ, фикри томравои миллӣ ва миллатсозӣ осебе мерасонад.

Ҳама шоҳиди онем, ки дар давоми солҳои фаъолияти хеш ТЭТ ҲНИ чӣ корҳои хайрро ба сомон расонидааст, ба ғайр аз ҷангу бадбахтиҳо. Ба ёд меорем солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки худ он як сабақест барои сокинони ҷумҳурӣ. Фаромӯш наметавон кард, ки бо як чашмакзании қозӣ Тӯраҷонзода ва дастгирии бевоситаи хаммаслаконаш ба мисоли Муҳиддин Кабирӣ аз ҳисоби аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайвасту ҳазорҳо сокинони бегуноҳ кушта шуда, бе хонаву дар монда, дар кишвари бегона гурезаву сарсону саргардон шуданд.

Дар навбати худ Тӯраҷонзода ва дигар хаммаслаконаш дар хориҷи кишвар, дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ «панаҳ» ёфтанд. Имрӯз бошад, Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар қарор дошта, боз ягон нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ карда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми тоҷик чунин сӯистифода аз бовариҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоҳанд ба хотири кадом як охунди мансабталабу ҷоҳхоҳ такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд.

Дар охири сухани худ ҳаминро қайд менамоям, ки ба ин хел муноқишаҳои ғаразнок бояд ба тезӣ хотима бахшида, барҳам додани фаъолияти онро айни муддао шуморем. Мо, мардуми таърихи куҳандоштаи тоҷикон на бо гурӯҳбозии бемаънӣ, балки бо ҳифз намудани истиқлолияти кишвар машғул бошем. Мо ҷонибдори Пешвои муаззами миллат ҳастем ва хоҳем монд!

Санавваров Ғ.Б., Қодиров М.А.,

 устодони кафедраи ҳуқуқи

 гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ,

аъзоёни фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>