Бадхоҳон ҳеҷ ба мақсад нарасанд…

LOGO

Ободию осоиштагии кишварро бадхоҳони давлату миллат имрӯз низ чашми дид надоранд. Ин бадхоҳони Ватан ҳамон аъзоёни ҲНИ, ки ба ҳизби худ исломӣ унвон карда, бо аъмоли бади хеш ба номи муборак (Ислом) низ иснод оварданд. Халқ инро ба хубӣ дарк карда, аз аъзогии ҲНИ дурӣ ҷуст.

Ташкилдиҳандагони ҲНИ ҳанӯз ҳам бар он ақидаанд, ки дар хориҷи кишвар бошанд ҳам, баҳри матлаби хоҷаҳояшон метавонанд бо мақолабозиву баҳонаҷӯиҳо ақидаи халқи тоҷикро тағйир дода, ниятҳои дар сарзамини тоҷикон фазои террористӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ, радикализмро ташкил намоянд. Ин хаёли хом аст ва ин афрод бояд шарм доранд, аз он ки ба сари миллату давлати худ чӣ гуна бадбахтиҳоро  фурӯ рехтанд. Бо чашми сари худ дида натавонистанд, бояд чашми дили худро бедор созанд. Бояд бидонанд, ки онҳо дар хориҷа бозичаи дасти дигаронанд ва фардо ба ҳолашон хоҳанд хандид, ки хоҷагон онҳоро ба муқобили давлату миллати худ шӯронидаанд.

Халқи сулҳхоҳу ваҳдатпарвари тоҷик дигар ба ҳама гуна фикрҳои ғаразноки бадхоҳони Ватан бовар надорад. Бадхоҳони Ватану миллатро шарм мебояд дошт, ки баъд аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав номнавис шуда, ба фаъолият шуруъ кард. Муассисони ҳизб гӯё самти фаъолияти хешро бо тарҳи дигар роҳандозӣ намуда, барои пешрафту ободии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик кӯшиш меварзиданд. Ба назари мардум ҳам чунин менамуд, ки ҲНИ як ҳизбест, ки дар раванди иқтисодиву иҷтимоии миллатамон ислоҳоти куллие ворид месозад ва паҳлӯ дар паҳлӯи Сарвари давлат барои некӯаҳволии мардум кӯшиш меварзад.

Сад афсӯс, ки аз ӯҳдаи фаъолияташон набаромаданду то имрӯз кинаю адоват ва низои миллирро дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқ намуда, дар руҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ монданианд.

Албатта, бояд гуфт, ки бархе аз мардуми фиребхӯрдаи тоҷик хатогии худро дарк карда, дар натиҷаи фиреб ва зудбоварӣ ба кадом мушкилоти вазнин дучор шуданро фаҳмида, зарурияти сиёсати созандаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари оқилу тавонои онро эътироф карда, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон фаъолият карданро пеша намуд.

Модари тоҷик  дигар ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои сахтро фаромӯш нахоҳад кард ва дигарбора фарзанди гумроҳе, ки ба дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷӣ ва ваъдаву дурӯғҳои беасоси онҳо бовар кардааст, фирефтаи суханони хоҷагони лаин нахоҳад шуд.

 

Фирӯза ШЕРМАТОВА,

мудири шӯъбаи кор бо занони

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>