ВАО — нерӯи тавоно

LOGO

Яке аз муассиртарин нерӯе, ки ба шуури омма таъсир мерасонад, ин васоити ахбори омма мебошад. Васоити ахбори омма гуфта, мо радио, телевизион, рӯзнома, маҷалла, интернет ва ҳар гуна инъикосгари ҳаёти рӯзмарраро мефаҳмем.

Ҳар як ҳизб, аз ҷумла Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон низ дорои минбари чопии худ аст. Ҳафтавори ҷумҳуриявии “Минбари халқ” ва вилоятии “Сухани халқ”, ки бо нусхаи зиёд нашр мешавад, муҳимтарин масъалаҳои ҳизбӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайраро дар саҳифаҳои худ инъикос мегардонад. Бояд гуфт, ки ин ҷаридаҳо дар байни на танҳо ҳизбиён, инчунин қишри гуногуни ҷомеа маҳбубият пайдо кардаанд. Алалхусус, мақолаҳои таҳлилии ҳафтаномаҳои мазкур на танҳо муҳимтарин дастовардҳои ҷумҳуриро дар соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт  инъикос мекунад, инчунин ба ҳодисаҳою рӯйдодҳои ҷаҳон баҳои воқеӣ медиҳад. Агар гӯем, ки дар ин ҷаридаҳо беҳтарин қаламкашони ҷумҳурӣ ҷамъ шудаанд, хато намешавад, зеро ҳар як шумораи ин нашрияҳо хонданибоб шавқовар аст.

Бояд гуфт, ки аҳли қалами ин нашрияҳо нисбат ба рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳон бо тезӣ вокуниш нишон медиҳанд, яъне дар шаклдиҳии афкори омма нақши муҳим доранд. Чунончи, санаи 27 марти соли 2019  дар шумораи 13-уми “Минбари халқ” мақолаи муҳаққиқ Нозим Нурзода таҳти унвони “Бозтоби Наврӯзи бостонӣ дар хилофати исломӣ” ба нашр расидааст, ки дар он оиди бо ин ҷашни ниёгон муборизаи беамон бурдани халифаҳои араб ва ба ин нияташон муваффақ нашудани онҳо сухан меравад.

Нашрияи Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд – “Сухани халқ” ҳам дар ин ҷабҳа мақоми хос дорад. Дар ин ҳафтанома ҳам мақолаҳои таҳлилӣ бисёр чоп мешаванд. Масалан, дар шумораи №16 аз 18 апрели соли равон мақолаи раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифов  бо номи “Пуштибони ТЭТ ҲНИ – КМИИС ташкилоти террористӣ аст, ё чанд андеша доир ба мақолаи Олег Алексеев” чоп шудааст, ки вокуниши фаврӣ ва саривақтӣ нисбат ба ин террористӣ ва ифротгароро пуштибонӣ ва маблағгузори намудани Эрон аст.

Чунин мақолаҳо дар матбуоти ҳизбӣ бисёр чоп мешаванд ва онҳо бар зидди душманони мафкуравии халқи мо нигаронида шудаанд.

Дар ин нашрияҳо гуфтан мумкин ҳамаи рӯйдодҳои ҳизбӣ ва дастовардҳои он инъикос мегарданд ва аз ин ҷост, ки муштариёни онҳо ҳамасола зиёд мешавад. Агар “Минбар и халқро”-ро бештар аз 63 ҳазор нафар мутолиа кунанд, сафи обуначиёни нашрияи “Сухани халқ” наздик 14 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Худи ҳамин далел нишонаи маҳбубияти зиёд доштани ин нашрияҳо дар байни халқ аст.

Дар нашрияи ноҳиявии “Паёми Спитамен” ҳам доир ба дастовардҳои ҳизб мақолаҳои зиёде дарҷ мешаванд. Аз ин ҷиҳат, нақши ВАО дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа муассир маҳсуб меёбад.

                                                                                         Ойбек Насруллозода,

                               раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>