Ситоди «Обуна-2020» тасдиқ гардид

м

Имрӯз маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан таҳти сарварии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев К.Ш. барпо гардид, ки дар кори он аъзоёни Раёсат, фаъолони ҳизб, раисони Ҷамоатҳои деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд. Инчунин, дар кори ҷаласа муовини Раиси шаҳр, аъзои фаъоли ҲХДТ Нигора Наимҷонзода иштирок кард.

Ба муҳокимаи иштирокчиён масъалаи зерин пешниҳод карда шуд: тасдиқи ҳайати ситоди обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва вазифаҳои раёсат, аъзоёни ситод дар гузаронидани маъракаи «Обуна-2020»

Аз рӯи ин масъала раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев К. баромад намуда, иштирокчиёнро бо нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, ки бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Қурбонзода Амирхон Файзулло мувофиқа карда шудааст, шинос кард. Ӯ зикр намуд, ки “бояд ба ҳар як аъзои ҳизб рӯзномаҳои ҳизбӣ дастрас бошанд, то ки онҳо бо ҳаёти ҳизбии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ аз наздик бохабар гарданд. Зеро воситаҳои ахбори омма имкон доранд, ки ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа, аз он ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, таърих ва ғайра таъсир расонанд. Яъне, дар замони муосир касе, ки иттилоотро идора карда метавонад, имкон дорад, ки дар идоракунии афкори ҷомеа низ муваффақ бошад”.

Мирзоев К. вазифаҳои раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва аъзоёни ситоди «Обуна-2020»-ро дар рафти ин маърака шаҳр дод.

Аз рӯи масъалаи муҳокимашуда F. Маъруфӣ – раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Пайравони Сино» ва Н.Тӯйчиев – раиси ташкилоти ибтидоии назди Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Баланд» баромад карданд.

Дар охир маҷлиси раёсат қарори дахлдор қабул намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>