Чорабинии тарбиявию ахлоқӣ

20180511_120536

Дар асоси нақшаи кории шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  дар Ҷамоати шаҳраки Палос чорабинии тарбиявию ахлоқӣ таҳти унвони “Маърифати зиндагӣ” баргузор гардид, ки дар он занони фаъоли ҳизб, ҷавондухтарон ва сокинони ҷамоати мазкур иштирок доштанд.

Сараввал мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Юсупова Манзура баромад намуда, оиди масъалаҳои гуногун, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротгароёна, решакан кардани тамоюлҳои бегонапарастӣ, ба  ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани духтарон ва ғайраҳо ибрози андеша кард. Таъкид гардид, ки бояд падару модарон ба тарбияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтироми фарҳангу арзишҳои миллии фарзандон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, ҳамагон бо муҳоҷирони меҳнатие, ки берун аз кишвар қарор доранд, алоқаро мустаҳкам намоянд.

Ҳамчунин, аъзои шӯрои занони КИ ҲХДТ дар шаҳр Дадоҷонова Замира дар баромади худ оиди устувориву пойдории оилаҳо, оқибатҳои ногувори никоҳи хешовандони наздик, Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ сухан кард.

Сипас, аз ҷониби ҳунармандони ҷамоат намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва аз тарафи ҷавондухтарон намоиши хӯрокҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>