Баҳри болидахотирии кӯдакон

IMG_20190529_103039

Тибқи нақшаи кори шӯъбаи кор бо занон ва  ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон таҳти унвони “Кӯдакони  хушбахти  миллат” дар ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ”  чорабинии идона  ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи кор бо занон  Муяссар Раҳимова ва мутахассис  оид ба тарғибот ва иттилоот Мадина Шарипова  иштирок  намуданд.  Муяссар Раҳимова зимни суханронӣ иброз намуд, ки “мо дар арафаи  ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  қарор дорем. Бояд қайд намоям, ки зиндагии инсон бе ҳастии кӯдакон ҳеҷ аст ва падару модарро мебояд барои шоду хурсанд ва тандурусту солим ба воя расидани фарзандону ба илму дониш фаро гирифтани онҳо тамоми шароит фароҳам орад. Кӯдакон ҳамеша ниёз ба ғамхориву таваҷҷӯҳ доранд. Ҳам волидон ва ҳам тарбиятдиҳандагон бояд нисбати ояндаи кӯдакон бетафовут набошанд”.

Сипас, баҳри болидахотирии кӯдакон муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1  барномаҳои рангоранги фарҳангӣ-адабӣ доир намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>