Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

DSC_4301

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт маҷлиси Раёсати КИН ҲХДТ баргузор гардид, ки дар кори он аъзоёни Раёсат, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Сараввал аъзоёни Раёсат рӯзномаи маҷлисро, ки 9 масъаларо дар бар мегирифт, тасдиқ намуданд.

Ҳамин тариқ, дар маҷлиси Раёсат гузориш оид ба иҷрои қарорҳои Анҷумани XII ҲХДТ, қарорҳои маҷлисҳои КИМ ва КИВ ҲХДТ, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба вазъи молиявии КИН ҲХДТ ва пардохти аъзоҳаққӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, оид ба санҷиши ҳолати ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ, ахбороти вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия, таъсис додани  комиссияи муқовимат ба коррупсия дар назди кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ “Дар бораи қабул ба сафи ҲХДТ” ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар интиҳо раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Баҳриддин дар партави вазифагузориҳои Раиси КИВ ҲХДТ Сатториён М.А. ва масъалаҳои дар ҷаласаи Раёсати КИВ ҲХДТ баррасигардида андешаронӣ намуда, баҳри иҷрои қарорҳои он дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд.

Инчунин, оид ба иҷроиши нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ Интихоботи соли 2020 ва обунашвӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ масъалагузорӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>