Баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа

IMG_20190529_102046

Кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Маҳмудов Баҳодур ва Ҳоҷиев Фирӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа ва фаҳмонида додани мақсаду мароми ҲХДТ, дар амал татбиқ намудани барқияҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оиди гароиши ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дур будан аз фарҳангу хурофотпарастии бегона ва ташвиқи арзишҳои асили миллӣ бо омӯзгорони МТМУ рақамҳои 18,31,32 вохӯрӣ доир  намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин доир ба сиёсати созанда ва хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соли сиёсӣ будани соли 2020 суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба сарҷамъӣ, ташаббускорӣ, масъулиятнокӣ  даъват намуданд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ  ба якчанд омӯзгорони муассисаҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>