ҲХДТ силсилаи ҳарфҳои холӣ нест!

LOGO

Бардошт аз мақолаи мӯҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад – муовини аввали Раиси ҲХДТ таҳти унвони

«Ҳизби ормонҳои миллӣ

Фазои озоди сиёсӣ, демократияи халқӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ, рушду нумӯи саноат дар кишвар, беҳбудиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дигар ғояҳои баланди ватандорӣ зери мафҳуми баландарзиши ҲХДТ ниҳон аст.

Дар ин айёми накӯ, ки кулли мардуми кишвар баҳри истиқболи сазовори ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аҳлона азму талош меварзанд, басо гуворост, ки  дар фарҷоми сол  моро таҷлили боз як санаи хотирмон 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пеш аст.

Маълуму равшан аст, ки  тӯли солҳои фаъолият, наздик 25 сол инҷониб Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки натанҳо ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёбад, балки дар самти ташаккул ва инкишофи низоми сиёсии он, шаклгирии давлату давлатдорӣ ва умуман фарҳанги сиёсии ҷомеа саҳми босазо гузорад.

Ҳамчунин, он ба ҳайси ҳизби роҳбар дар ин муддат тавассути таъмини сулҳу салоҳ, тақвияти хештаншиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкориҳо миёни мардум нуфузи комил пайдо намуд.

Чуноне ки муаллифи  мақолаи “Ҳизби ормонҳои миллӣ”, муовини аввали Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад таъкид мекунад,  раванди таъсисёбӣ ва оғози фаъолияти ҳизби мазкур ба ибтидои солҳои 90-уми асри гузшта, давраи  хеле ногувору ҳассоси сиёсии Тоҷикистони тозаистиқлол рост омада, дар  вазъи ноороми кишвар ташкил додани ҳизби наве, ки минбаъд бояд тамоми ҷомеаро сарҷамъ созад, осон набуд.

Дар ҳолате, ки аксари мардум аз мафҳумҳое ба мисли  «демократия» ва «ошкорбаёнӣ» қимоб гардида, аз вазъхонии сиёсатмадорони замони «бозсозии Горбачёвӣ» – исломгароён ва коммунистон ба дод омада буданд ва бадбахтона ин  зиддияту мухолифат ба ҷангу хунрезӣ оварда расонид,  таъсиси ҳизбе, ки ҷомеаро бояд ба оштӣ оварда ба муросо меандохт, заруру ногузир буд.

Ва маҳз дар чунин лаҳзаҳо, вақти ҷӯшу хурӯши ҷанги шаҳрвандӣ  новобаста аз мушкилоту муаммоҳо нақши Президенти маҳбубамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти таърихӣ ва лидери умумимиллӣ   барало  ҳувайдо гардида, маҳз бо талошу заҳматҳои пайвастаи ин марди фидоӣ   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Беҳуда нест, ки муаллиф дар мақола аз корномаҳои шахсиятҳои маъруфи таърихӣ, чун Авраам Линколну Франклин Рузвелт, Уинстону Черчиллу Шарл де Голл ва дигарон ёд мекунад.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳамеша дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз абармардоне дар саргаҳи ҷомеа зуҳур мекунанд, ки ҷаҳду талош, ҷасорату руҳи шикастнопазир ва нангу номуси ватандориашон метавонад, дарвоқеъ  хаёлҳоро ба воқеият табдил диҳад.

Ва чуноне ки вақт собит намуд, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери миллӣ ва пешвои давлатӣ бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, аз ҷумла ҳамчун воқеияти таърихию сиёсӣ ба ҳайси асосгузор ва ташкилкунандаи ҲХДТ эътироф гардидаанд.

Имрӯз барои ҳар як фарди соҳибақл ҳақиқати бебаҳс аст, ки муҳимтарин дастоварди таърихи муосири мо — аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ ёфтани давлатдории миллиамон бешубҳа хизмати бузург ва  дастоварди бунёдиву  беназири Пешвои миллатамон аст.

Дар вазъияте, ки кишвар дар оташи ҷанги бародаркуш месӯхту давлат ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт, Сарвари мо  дар вазъияти басо ноустувори сиёсиву иҷтимоӣ давлати тозаистиқлолро аз парокандагӣ ва фаношавӣ эмин нигоҳ доштанд.

Дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ҳадафи роҳбарияти нави Тоҷикистон танҳо аз хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ, миллат аз парокандагӣ ва ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон иборат буд.

Маҳз, бо шарофати сиёсати дурандешона ва иродаи қавии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хатарҳо бартараф гардид.

Ҳақ бар ҷониби узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сайъмуъмин Ятимов, ки дар яке аз мақолаҳои хеш  зикр мекунад:

“Хушбахтии миллат аз шумораи нафароне вобастагӣ дорад, ки дар лаҳзаҳои мушкил, сарфи назар аз воқеият доштани таҳдидҳои ҷонӣ, майдонро тарк намекунанд.Ҷонфидоёна мубориза мебаранд, вагарна миллат, давлат бе саробон мемонад…. Гавҳар аз баҳр баровардан — гузаштан аз ҷон аст”.

Ин суханон дар васфи Пешвои муаззами тоҷикон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст.

Бо фарорасии ваҳдати миллӣ, давраи бунёдкорию созандагӣ дар саросари кишвар ба амал омада, давлат таҳти сиёсати оқилонаю хирадмандонаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳамаҷонибаи худро ба ҳалли масъалаҳои муҳим сафарбар намуд.

Масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ — вазифаҳои аввалиндараҷа ва стратегӣ арзёбӣ гардида,    илова бар ин, дар Паёми навбатии Пешвои миллат ҳадафи чоруми миллӣ, эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат,  нишонаи  рушди босуботу бемайлони кишвар ва афзоиши иқтидорҳои иқтисодии он ба шумор меравад.

Талошҳои фарҳангсолоронаи сарварамон имкон дод, ки миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ расад. Дар ин муддат дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.

Обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо шарофати ташаббусҳои созандаи Пешвоямон баланд гардида, кишвари мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун давлати рӯ ба ишкишоф эътироф шудааст.

Ҳамаи ин сохтанҳо ва сӯхтанҳои  Роҳбари давлати тоҷикон шиори кору зиндагии пешвои мардуми ҳинд Робиндранат Тагорро ёд меоварад.

Ӯ дар яке аз ёддоштҳои хеш   таъкид мекунад: «Дареро боз кардам,  онро ба рӯям бастанд, дари дигареро боз кардам, онро низ ба рӯям бастанд.  Сипас худ даре сохтам ва вориди он гардидам!»

     Дарвоқеъ, Президенти мӯҳтарами мо дар баробари дигар хизматҳои бузурги хеш  бо мурури замон тавонистанд, ки ҳизберо низ сари кор оваранд, ки он ҳамчун раҳбару раҳнамо ва пешбарандаи ҷомеа ормонҳои милливу динӣ ва таърихиву фарҳангии халқи моро дар худ ба пуррагӣ  ва хеле мукаммал таҷассум  намудааст.

Чуноне ки мӯҳтарам Фаттоҳзода С.С. зикр медоранд: «Фаъолияти ҳизб бо сиёсати хирадмандонаи асосгузори он сахт алоқаманд аст, аз ин лиҳоз маҳбубияти он бо истеъдоди фитрии сарвараш иртиботи ногусастанӣ дорад».

Инак, наздик  чоряк аср аст, ки таҳти ҳидояту раҳнамоии  ҳизби мазкур ва Роҳбари муаззами он мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон  ба фардои неку дурахшон боварӣ ҳосил намуда, баҳри гулгулшукуфии Ватани азизи хеш пайваста  заҳмат мекашанд.

Ҳамчунин, муаллиф дар фарҷоми мақола қайд мекунад, ки Пешвои миллат борҳо дар баромадҳои худ таъкид доштаанд, ки: «ҳизб дар ташаккули маърифати сиёсии шахс таъсири амиқ гузошта метавонад».

Дар робита ба ин нукта ҳар як аъзои ин ҳизби созанда чун узви фаъоли ҷомеа ва ташаббускору навовар дар ҳамаи ҷабҳаҳо бояд ҳамеша пешсаф бошад.

Масъулон ва узви фаъоли ҳизбро зарур аст, ки ҷамъиятро  дар партави ҳидоятҳои Роҳбари  ҳизб, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шукргузории неъматҳои бузург – сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлол ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳидоят сохта, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинон саҳми бевосита ва назарраси хешро гузоранд.

Хусусан,  имрӯзҳо дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси  муосир ва вазъи ногувори геополитикии ҷаҳон, ки давлатҳои муайян барои манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва идеологии худ  бо ҳар роҳу восита ва шиору ваъдаҳои дурӯғ мехоҳанд  ба мардуми кишварҳои  дигар ҳукумат кунанд, мавқеъ ва масъулияти  ҳизбиён  ба маротиб афзуда, вазъият нақши боз ҳам муассиртар ва рисолати бештари онҳоро тақозо дорад.

Мо, ҳизбиён чун пешоҳангони ҷомеа мардумро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намуда, дар пешгириву огаҳ ва тавсеи ҷаҳонбинии сокинон ва нишон додани роҳи росту дуруст бояд фаъол бошем. Алалхусус, ба масъалаи зиракӣ ва ҳушёрии сиёсии насли ҷавон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Зеро суботу оромии ҷомеа ҳадафи асосии роҳбарияти кишвар буда,  кафолати рушду пешрафти давлат аст ва  ҳифзу нигаҳдошти он дар навбати аввал вазифаи аввалиндараҷаи ҳар нафар узви ҲХДТ мебошад.

 

Азимҷон БОБОҶОНЗОДА,                 

  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>