Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара

IMG_7875

Рӯзи 31-уми майи соли равон дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин, аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолону собиқадорони ҳизб маҷлиси  ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара баргузор гардид.

Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз вазифа озод намудани раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара ва интихоби раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Асадуллоев Бурҳонбек бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара озод карда шуд.

Аз ҷониби кулли аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Зиёваддинзода Суруриддин Руҳониддин, ки дар мувофиқа бо роҳбарияти олии ҳизб пешбарӣ шудааст, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара интихоб гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён М.А вазифаҳои навбатии аъзои ҳизб, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ҳизбиро тибқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи омодагӣ ба ҷашнвораҳои 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 -солагии таъсисёбии ҲХДТ муваззаф намуда, онҳоро ба бунёдкориву созандагӣ, ташаббускориву ободонӣ раҳнамун кард. Ҳамчунин, паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳри Исфараро воқеъбинона ба риштаи таҳқиқ кашид.

Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин шарҳ дод , ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули  андешаву тафаккури созандаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷавобгӯ ба арзу ниёзи мардум ва ҳимояи манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷамъиятӣ аст. Ҳизб мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшид.

Алҳол мо, ҳизбиён ба дастовардҳо қонеъ нашуда, бояд фаъолияти сиёсиамонро вобаста ба талаботи давр боз ҳам қавитар гардонем.  Таваҷҷӯҳи ташкилотҳои ибтидоӣ, кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизб ба масъалаи сифат ва миқдори қабул бояд ҷиддӣ бошад. Аз паси миқдор шуда, сифати ҳизбро аз даст надиҳем.

Таблиғ бояд ҳадафрас бошад. Аз ин рӯ, аъзои ҳизбамон бахусус таблиғгарон ҳаматарафа омода бошанд, бо донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию динӣ мусаллаҳ гарданд.

Дар Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо, ҳизбиён арзишҳои таърихиву фарҳангии Исфара, урфу одат, анъана ва ҳунарҳои мардумиро тақвият бахшида, ба рушди деҳаҳо саҳмгузор бошем.

Вусъати корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб эҳтиёҷ ба дастгирии аъзоёни раёсат, кумитаи иҷроияи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҳар як аъзои ҳизб дорад.

Аз ҳизбиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар яки онҳо дар бунёди иншооти мазкур, ки минбаъд барои пешрафти корҳои ҳизбӣ бою ғанӣ гардидани маърифати сиёсии сокинони шаҳру деҳоти Исфара мусоидат мекунад, саҳми сазовори хешро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>