Аёдати собиқадорони меҳнат

13

Дар доираи иқдоми Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ — «Аёдати рамазонӣ» аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Мастчоҳ низ ба аёдати собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо тӯҳфаҳои худро тақдим карданд.

Ҳотамбой Ҷумъазода, мутахассиси шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ аз ҷумлаи аъзои фаъоли ин ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон мебошад, ки аёдати як гурӯҳ собиқадорони меҳнат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Бӯстон ва Оббурдонро сарпарастӣ кард.

Дилшод Зокиров, раиси Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ зимни амалисозии ин иқдоми наҷиб ҷавони фаъолро ҳамроҳӣ карда, аз тасмими хайрхоҳонаи онҳо истиқбол кард ва онро намунаи ибрату пайравӣ ба дигар ҷавонон донист.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>